Январ 20, 2020 20:07 Asia/Dushanbe
  • Роҳандозии фаъолияти иҷтимоии “мураббаи сабз” бо талоши Шӯрои миллии мусалмонони Канада

Бо талоши Шӯрои миллии мусалмонони Канада, фаъолияти иҷтимоии«мураббаи сабз» роҳандозӣ шуд.

Шӯрои миллии мусалмонони Канада, барои афзоиши огоҳӣ дар бораи ҳамла ба масоҷиди Квебек(Quebec) ва ҳимоят аз қурбониён ва хонаводаҳои онҳо, корзори мураббаи сабзро роҳандозӣ кард.

Шӯрои миллии мусалмонони Канада, барои афзоиши огоҳӣ дар бораи ҳамла ба масоҷиди Квебек ва ҳимоят аз қурбониён ва хонаводаҳои онҳо, корзори мураббаи сабзро роҳандозӣ кард.

Се соли пеш дар 29 январ як нажодпарасти исломҳарос ба Маркази фарҳангии исломии Квебек ворид шуд ва бо шиллики мустақим ба сӯи намозгузорон 6 танро ба қатл расонд ва иддае дигареро маҷрӯҳ кард. Дар 29 январ, 17 кӯдак бидуни падар монданд, ки бисёре аз онҳо ҳанӯз аз осебҳои он рӯз ранҷ мебаранд.

Дар 29 январ, шаш хоҳари мо маҷбӯр шуданд бо воқеияти беҳамсарӣ дасту панҷа нарм кунанд ва ишқҳои зиндагии худро дар маърази хушунати ғайриқобили тасаввури исломҳаросӣ аз даст бидиҳанд.

Мустафо Форуқ, мудири иҷроии Шӯрои миллии мусалмонони Канада гуфт, мо бо ҳамкорӣ бо масоҷиди шаҳри Квебек ва кумакҳои исломии Канада, корзоре роҳандозӣ кардаем то муроқиби бародарон ва хоҳарони худ бошем, ки бархе аз онҳо танҳо ноновари худро дар як амали бемаънии тарс, хушунат ва исломҳаросӣ аз даст додаанд.

Вай бо ишора ба фаъолияти иҷтимоии мураббаи сабз гуфт, мо аз ҳамаи конодоиҳо ва ҳамаи мусалмонони конодоӣ мехоҳем, ки аз 27 январ то 29 январ як мураббаи сабз бипушанд.

Фаъолияти иҷтимоии мураббаи сабз ба манзури афзоиши огоҳӣ дар мавриди иттифоқоте, ки дар 29 январи 2017 рух дода, ёдовари қурбониён ва ҳимоят аз хонаводаҳои онҳо тарроҳӣ шудааст. Мураббаи сабз намоёнгари фаршҳои сабзи масҷиди Квебек аст.