Эътироз ба қонуни манъи ҳиҷоб дар Шветсия
Омӯзгорони ғайримусулмони кишвари Шветсия дар эътироз ба қонуни манъи ҳиҷоб рӯймол пушиданд.
Ба нақл аз Ҳавза, омӯзгорони ғайримусулмони шаҳри Скюрупи Шветсия дар эътироз ба қонуни манъи ҳиҷоб дар мактабҳо ва боғчаҳо, бо сар кардани рӯймол ҳамбастагии худро бо занони мусулмон эълом карданд.
Ин иқдоми онон дар эътироз ба мамнӯияти ҳиҷоб буд, ки қарор аст дар 6 моҳи оянда тарҳи он дар ин шаҳр ба тасвиб бирасад.
Дар паи тасвиби ин лоиҳаи шаҳрдорӣ, ки бар асоси он тамомии намудҳои бастани рӯймод дар мактаб ва боғчаҳо мамнӯъ мешавад, ин омӯзгорон, эътирози катбиашонро ба шаҳрдории шаҳри Скюруп ирсол карданд.
Қонуни мазкур дар декабри соли гузашта тасвиб шуд, ки бар зиндагии бисёре аз занони мусулмоне, ки рӯймол, ниқоб ва пушия истифода мекунанд таъсир хоҳад гузошт.
Мерит яке аз омӯзгорони ғайримусулмон, ки ба ин мамнӯият эътироз дорад мегуяд, хонандагони мактаб вақте мебинанд, ки мо низ ҳиҷоб дорем ҳаяҷонзада мешаванд ва эҳсос мекунанд, ки мо ҳомии онҳо ҳастем.
8 дарсад аз кулли ҷамъияти Шветсия мусулмон ҳастанд ва тибқи таҳқиқоти маркази таҳқиқотии Пию, ҳудуди 800 ҳазор нафар аз ашхоси мазҳабии ин кишварро хонаи худашон медонанд.