Трамп дар додгоҳи истезоҳ
Ҷаласаи нахусти додгоҳ расидагӣ ба лоиҳаи истезоҳи Доналд Трамп дар сенати Амрико рӯзи сешанбе (21 январ) ба вақти шарқи ин кишвар оғоз мешавад.
Ин севумин бор дар таърихи Амрико аст, ки як раисҷумҳур дар сенат муҳокима хоҳад шуд. Трамп пеш аз ин бо ду иттиҳом дар маҷлиси намояндагон мувоҷеҳ шуда буд. Маҷлиси намояндагон таҳти контроли демократҳо авохири соли гузаштаи мелодӣ ду иттиҳомро дар парвандаи мавсум ба “Украин гейт” ба Трамп ворид карданд. Ин ду иттиҳом иборатанд аз сӯиистифода аз қудрат ва монеътарошӣ бар сар ифои вазоифи Конгресс.
Акнун сенат муваззаф аст дар мавриди иттиҳомоти ворида ба раисҷумҳури Амрико тасмимгирӣ кунад. Ба ҳамин манзур, дар авохири ҳафтаи гузашта 100 сенатор ба ҳамроҳи Ҷон Робертз, раиси ҷаласоти додгоҳи истезоҳ ё бозпурсӣ савганд ёд карданд, ки ба қонуни асосӣ барои расидагӣ ба истезоҳи раисҷумҳури Амрико пойбанд бимонанд. Бо ин ҳол, ҳатто пеш аз оғози ҷаласоти додгоҳ демократҳо ва ҷумҳурихоҳон якдигарро ба нодида гирифтани адолат муттаҳам мекунанд.
Демократҳо муътақиданд, ҷумҳурихоҳон ба иттикои бартарии ададии худ дар сенат дар талош ҳастанд монеи ҳузури шоҳидон дар ҷаласоти додгоҳ шаванд ва заминаи озодии муттаҳамро фароҳам кунанд. Дар ҳоле, ки ҷумҳурихоҳон демократҳоро муттаҳам мекунанд, ки ба фароянди одилона дар замони расидагӣ ба лоиҳаҳои истезоҳи Трамп дар маҷлиси намояндагон амал накарданд ва акнун қасд доранд дар раванди додгоҳ дар сенат ихлол кунанд.
Ба ҳар ҳол ба назар намерасад то поёни расидагӣ ба иттиҳомоти Трамп дар додгоҳи сенат ду тараф ба тавофуқ даст ёбанд. Ҳатто наҳваи баргузории ҷаласаи додгоҳ ва замони расидагӣ ба он ба маҳалле барои низои сиёсӣ- ҳизбӣ дар Вашингтон бадал шудааст.
Ба унвони мисол Си Эн Эн ба нақл аз чаҳор манбаи мутталеъ хабар дод, сарони ҷумҳурихоҳи сенат қасд доранд ба ҷойи ихтисоси 20 соат барои ҷаласаи оғозини истезоҳ ва тарҳ кардани истидлолҳо тайи 10 рӯз, назири истезоҳи Бил Клинтон, раисҷумҳури асбақ, ду ҷаласаи 12 соата ба ҳар ду тарафи демократ ва ҷумҳурихоҳ ихтисос диҳанд. Кӯтоҳтар шудани замони ҷаласоти додгоҳ фурсатро барои расидагӣ ба яке аз муҳимтарин ҷидолҳои сиёсӣ - ҳуқуқии Амрико тайи ду даҳаи ахир коҳиш медиҳад. Ҷумҳурихоҳон дар талош ҳастанд дар кӯтоҳтарин замони мумкин Трампро аз иттиҳомоти ворида озод кунанд ва бар мавзӯи интихоботи пешорӯйи раёсати ҷумҳурӣ мутамаркиз шаванд.
Чанде пеш сенатори ҷумҳурихоҳ Линдси Грем ошкоро гуфт, тасмими худро дар бораи истезоҳи Трамп гирифтаам ва қасд надорам дар раванди муҳокимаи Трамп дар сенат довари бетараф бошам ва умедворам ба суръат муҳокимаи истезоҳ поён ёбад.
Стратегияи демократҳо тӯлонитар кардани фароянди истезоҳи Трамп аст то бо наздиктар шудан ба замони баргузории интихобот, раъйдиҳандагонро таҳти таъсир қарор диҳанд. Натоиҷи назарсанҷиҳо низ дар афзоиши умедвории демократҳо барои асаргузорӣ бар натоиҷи интихобот муассир будааст. Си Эн Эн дар остонаи ташкили ҷаласаи додгоҳи истезоҳи Трамп хабар дод, ки 51 дарсади амрикоиҳо хоҳони барканории Трамп дар сенат ҳастанд ва 45 дарсад бо он мухолифат мекунанд. Ин нигариш агар то 9 моҳи дигар идома ёбад, чӣ басо ҳомиёни барканории Трамп дар сенат дар пойи сандуқҳои раъй ба раисҷумҳури кунунӣ раъй надиҳанд ва мӯҷиби шикасти Трамп дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ шаванд.