Июл 22, 2016 18:13 Asia/Dushanbe
  • Лавров: Қувваҳои аслии ДИИШ афсарони артиши Саддом ҳастанд

Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия гуфт, афсарони режими Саддом, ки аз артиши Ироқ ихроҷ шудаанд, ҳамакнун қувваҳои аслии гурӯҳи террористии ДИИШ ҳастанд.

Вазири хориҷаи Русия пайдоиши ДИИШ-ро натиҷаи юриши нерӯҳои амрикоӣ ба Ироқ дар соли 2003 донист ва гуфт: "Афсарони режими Саддом, ки аз артиши Ироқ ихроҷ шудаанд, ҳастаҳои аслии гурӯҳи террористии ДИИШ ҳастанд".

Ба гузориши хабаргузории ИСНА, Сергей Лавров, вазири хориҷаи Русия имрӯз дар Анҷумани ҷавонони Русия гуфт: "Сиёсатҳои Ғарб дар минтақаи Ховари Миёна муҷиби бурузи ҳаводиси кунунӣ дар минтақа шуда ва гурӯҳи террористии ДИИШ ба дунболи юриши нерӯҳои амрикоӣ ба Ироқ дар соли 2003 ба вуҷуд омадааст".

Лавров таъкид кард: "Вашингтон бо ихроҷи афсарони собиқи режими Саддом аз артиши Ироқ мувофиқат кард ва ҳамин амр боис шуд аҳли тасаннун дар Ироқ ба ҳошия ронда ва бисёре аз афсарони собиқи режими Саддом ба ДИИШ ва дигар гурӯҳҳои террористӣ дар Ироқ бипайванданд".

Вазири хориҷаи Русия бо таъкид бар лузуми ҳифзи танаввуи мазҳабӣ ва ҳимоят аз масеҳиён дар минтақаи Ховари Миёна афзуд: "Буҳрони муҳоҷират дар Аврупо то ҳадди зиёде ба сиёсатҳои иштибоҳи Аврупо дар ин замина марбут аст".

Лавров гуфт, он чӣ дар ин рӯзҳо дар Сурия ҷараён дорад, таодули мазҳабӣ ва тоифаиеро, ки ба рағми тамомии ин ҷангҳои хунин вуҷуд дорад, таҳдид мекунад. 

Вай таъкид кард: "Агар дар асри мо ба ин таодул халале ворид шавад, нанге барои ҳамаи мо хоҳад буд".

 

Барчасп