Давлати ҷадиди Русия ташкил шуд
https://parstoday.ir/tg/news/world-i50212-Давлати_ҷадиди_Русия_ташкил_шуд
Владимир Путин, раисҷумҳури Русия асри сешанбе феҳристи аъзои кабинаи Михаил Мишустин, нахуствазири ин кишварро тасдиқ ва ҳукми ташкили давалати ҷадидро имзо кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Январ 22, 2020 11:15 Asia/Dushanbe
  • Давлати ҷадиди Русия ташкил шуд

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия асри сешанбе феҳристи аъзои кабинаи Михаил Мишустин, нахуствазири ин кишварро тасдиқ ва ҳукми ташкили давалати ҷадидро имзо кард.

Ба нақл аз Ирна, кабинаи ҷадиди Русия 9 муовини нахуствазир хоҳад дошт, ки танҳо яке аз онҳо дар давлати пешин ( давлати Дмитрий Медведев) ҳузур надоштааст.

Илова бар ин, бархе вузарои давлати собиқ дар симматҳои худ боқӣ мондаанд.

Владимир Путин, раисҷумҳури Русия рӯзи чоршанбе Михаил Мишустинро ба унвони нахуствазири ҷадиди ин кишвар муаррифӣ кард.

Мишустин пас аз он, ки Дмитрий Медведев, ( нахуствазири собиқи Русия) аз симмати худ истеъфо кард, барои тасаддии мақоми нахуствазирӣ муаррифӣ шуд.