Январ 22, 2020 14:54 Asia/Dushanbe
  • Ҳимояти аъзои Созмони ҳамкории Шанхай аз узвияти доими Эрон

Намояндаи вижаи раисҷумҳурии Русия дар умури Созмони ҳамкории Шанхай эълом кард: Аъзои ин созмон аз узвияти доими Эрон дар он ҳимоят мекунанд.

Ба нақл аз хабаргузории РИА Новости, Бахтиёр Ҳакимов рӯзи сешанбе дар нишасти хабарӣ гуфт: Мавзеи Русия дар хусуси узвияти доими Эрон дар Созмони ҳамкории Шанхай побарҷост ва тарафи расмӣ ҳамвора аз ин узвият ҳимоят кардааст.

Сергей Лавров, кафили мақоми Вазорати умури хориҷаи Русия низ рӯзи шанбе бо радди дархостҳои Амрико барои мунзавӣ кардани Эрон, аз узвияти ин кишвар дар Созмони ҳамкории Шанхай ҳимоят кард.

Лавров гуфт: Русия ва бештари кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай аз узвияти комили Эрон дар ин созмон ҳимоят мекунанд ва ман итминон дорам, ки ин дархост муҳаққақ хоҳад шуд.

 

Барчасп