Эътироз ба эронситезии Трамп дар ҳошияи иҷлоси Давос
Фаъолони муҳити зист дар масири тараддуди ширкаткунандагони иҷлоси Давос банери бузурге бо иборати “бо тағйироти обуҳавоӣ биҷангед, на бо Эрон” насб карданд.
Ба гузориши Хабаргузории садо ва симо, фаъолони муҳити зисти узви гурӯҳи “Кампакс” рӯзи сешанбе бо насби ин банери 35 метрӣ дар рустои кӯҳистонии Амден, масири рафтуомади ширкаткунандагон дар иҷлос Давос, аз Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико хостанд то ба ҷойи ситезаҷӯии ҷангафрӯзӣ алайҳи Эрон, бо тағйироти обуҳавоӣ муқобила кунад.
Бар асоси ин гузориш, ин банер ҳатто аз дохили болгардҳое, ки мақомоти ширкаткунанда, аз ҷумла Трампро ба маҳалли иҷлос мерасонанд, қобили хондан аст.
Панҷоҳумин гирдиҳамоии солонаи Маҷмаи ҷаҳонии иқтисод аз рӯзи сешанбеи 21 январ то рӯзи ҷумъаи 24 январ дар шаҳри Давоси Швейтсария ва бо ҳузури сарону фаъолони сиёсӣ ва иқтисодии кишварҳои мухталиф дар ҳоли баргузорӣ аст.
Нишасти Давос ҳамасола дар миёни тазоҳурот ва эътирозҳо ба беадолатӣ ва бетаваҷҷуҳии қудратҳои иқтисодӣ ба муҳити зист баргузор мешавад.
Ҳамзамон дар Гаагаи Нидерланд, маҳалли истиқрори ду Девони Байналмилалии Додгустарӣ ва Девони Байналмилалии Кайфарӣ ҷамъе аз шаҳрвандони муқими ин шаҳр дар эътироз ба сиёсатҳои ҷангафрӯзона ва зидди ҳуқуқи башари давлати Амрико, бо намоиши одамаке аз Трамп, ба таври намодин вайро боздошт карданд ва ба мақомоти қазоии байналмилалӣ таҳвил доданд.