Январ 25, 2020 12:38 Asia/Dushanbe
  • Баргузории мусобиқоти Қурон вижаи донишҷуён дар Канада

Мусобиқаҳои Қурон вижаи донишҷуён дар Канада баргузор мешавад.

Ба нақл аз Икно , ин мусобиқаҳои Қуронӣ бо талоши Анҷумани донишҷуёни мусалмон дар шаҳри Mississauga  Миссиссуго дар канада баргузор мешавад.

Ин мусобиқаҳо дар се сатҳи осон , миёна ва пешрафта баргузор мешавад ва ба нафарҳои аввал то севвум ҷоизаҳое эъто хоҳад шуд. Мусобиқот дар 5 сатҳ ба шарҳи зел баргузор хоҳад шуд.

сураи Алтакосур , барои тозамусалмононе ,ки камтар аз як сол аз ислом овардани онҳо мегузарад.

Сураи  Набаъ , барои касоне ,ки чанд сураи кучак аз Қуронро ҳифз кардаанд.

Сураи Ёсин барои касоне ,ки теъдоде аз сураҳои кучаки Қуронро ҳифз кардаанд.

Сураи Юсуф ,барои касоне ,ки  чанд ҷузъ ё сураи баланд аз Қуронро ҳифз кардаанд.

Сураи Оли Ъумрон ,барои касоне ,ки  бахшҳои зиёде аз Қуронро ҳифз кардаанд. Ин мусобиқаҳо шанбе 25 январ дар масҷиди ҷомеъ дар шаҳри Миссиссуго дар Канада баргузор хоҳад шуд.

Ҳудуди 90 ҳазор нафар аз ҷамъияти 750 ҳазор нафарии шаҳри Миссиссуго мусалмон ҳастанд.