Пентагон боз ҳам омори хисоратҳои интиқоми мушакии Эронро ислоҳ кард
(last modified Sat, 25 Jan 2020 15:23:58 GMT )
Январ 25, 2020 20:23 Asia/Dushanbe
  • Пентагон боз ҳам омори хисоратҳои интиқоми мушакии Эронро ислоҳ кард

Бо гузашти ҳудуди ду ҳафта аз ҳамлаи мушакии Эрон ба пойгоҳи низомиёни ишғолгари амрикоӣ дар Ироқ, Вазорати дифои Амрико-Пентагон дар эътирофе дерҳангом эълом кард, дар ин амалиёт 34 нерӯи низомии Амрико захмӣ шудаанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ин дар ҳолест, ки Амрико дар ибтидо таъкид кард, ки ин амалиёт кушта ва захмӣ надоштааст, аммо 9 рӯз баъд ба таври расмӣ эълом шуд, ки 11 сарбози маҷруҳ барои дармон ба Олмон мунтақил шудаанд, вале Пентагон бо ислоҳи дубораи ин омор шумори захмиҳои ин ҳамлаҳоро 34 нафар эълом кардааст.

Ҷонатан Хоффман-сухангӯи Вазорати дифои Амрико рӯзи ҷумъа эътироф кард, 34 низомии ин кишвар ба дунболи ҳамлаи мушакии Эрон ба пойгоҳи Айн-Ал-Асад дар Ироқ аз ноҳияи сар ва мағз осеб дидаанд.

Хоффман афзуд, 8 низомии осебдида, ки пеш аз ин ба Олмон мунтақил шуда буданд акнун ба Амрико интиқол ёфтаанд.

Нақшаҳои ҳавоии расмӣ нишон медиҳад дақиқан чанд соат баъд аз ҳамлаи Эрон ба пойгоҳи Айн-Ал-Асад, ки рӯзи чаҳоршанбе 8 январ соати 1:35 бомдод анҷом шуд, ҳавопаймои низомии C-17, бо коди махсуси ҳамли маҷруҳ ва кушта соати 11:20 субҳи 8 январ ба вақти Ироқ яъне 10 соат баъд аз ҳамлаи Эрон аз Олмон ба Бағдод парвоз карда ва ҳудуди 11 соат баъд ба Олмон бозгаштааст.

Бар асоси ин иттилоот, ин ҳавопаймо чанд соат баъд аз нишастан дар Олмон мустақиман ба Амрико рафта ва дар кампи низомии Спрингиз дар иёлати Мэриленд фуруд омадааст.

Сенатор Элизабет Уоррен намояндаи демократи конгира ва номзади интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико дар вокуниш ба эътирофи Пентагон дар осеб дидани 34 низомии Амрико дар ҳамлаи мушакии Эрон гуфт, Трамп захмбардоштагони нерӯҳои амрикоиро пинҳон кард ва ин ваҳшатнок аст.

Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ бомдоди чаҳоршанбе (8 январ) дар посух ба ҷинояти нерӯҳои мутаҷовизи амрикоӣ дар террори сардор сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ фармондеҳи нерӯи қудси Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва Абумаҳдӣ Алмуҳандис ноиб раиси басиҷи мардумии Ироқ (Ҳашад Аш-Шаъбӣ) ва ёронашон дар фурудгоҳи Бағдод, пойгоҳи низомиёни амрикоии Айн-Ал-Асадро дар ғарби Ироқ ҳадафи ҳамлаи мушакӣ қарор дод.