Обама: Трамп фашист аст
(last modified Sun, 26 Jan 2020 12:54:34 GMT )
Январ 26, 2020 17:54 Asia/Dushanbe
  • Обама: Трамп фашист аст

Сенатори иёлати Вирҷиния гуфт, дар муборизоти интихоботи раёсатҷумҳурии 2016, Барак Обама, раисҷумҳури пешини Амрико Доналд Трампро "фашист" хонд.

Ба гузриши NBC News, Тим Кейн, сенатори иёлати Вирҷиния рӯзи якшанбе гуфт: Дар ҷараёни муборизоти интихоботии соли 2016, Обама дар як муколамаи телефонӣ, ки бо ӯ доштааст, Трампро фашист номидааст.

Тим Кейн афзуд: Обама дар ҷараёни муборизоти интихоботии соли 2016 бо ман тамос гирифт ва гуфт, "Тим, ёдат бошад, ки алон вақти камолгароёна рафтор кардан нест. Бояд фашистро аз Кохи Сафед берун кард".

Бар хилофи Трамп, Обама аз замоне, ки Кохи Сафедро ба раисҷумҳури пас аз худ,Трамп таҳвил дод, ба нудрат алайҳи ҷонишинаш сӯҳбат кардааст.