Январ 26, 2020 18:33 Asia/Dushanbe
  • Эътирози Русия ба иқдомоти ташаннуҷофарини Пентагон дар Сурия

Вазорати дифои Русия дар баёнияе эълом кард, бархе мақомоҳои Вазорати дифои Амрико, Пентагон, ба дунболи муташанниҷ кардани авзоъ дар Сурия ҳастанд.

Ба гузориши ИРНА, Вазорати дифои Русия рӯзи якшанбе дар баёнияи худ ҳамчунин таъкид кард, иқдомоти бархе мақомҳои Пентагон дар Сурия ба тасбити авзоъ кӯмаке намекунанд.

Ин ниҳоди рус дар баёнияи худ овардааст: Мақомҳои Пентагон ба дунболи ҳамкорӣ ва поёни танишҳо дар Сурия нестанд.

Гир Педерсон, намояндаи вижаи дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид дар умури Сурия низ рӯзи шанбе дар дидори Сергей Шойгу, вазири дифои Русия дар Маскав гуфт, ки аз мавзеи Русия дар хусуси нерӯҳои хориҷии нохонда дар Сурия, аз ҷумла низомиёни амрикоӣ ҳимоят мекунад ва ин ҳузурро нигаронкунанда медонад.

Педерсон афзуд, ҳузури низомиёни хориҷӣ дар Сурия мушкиле ҷиддӣ аст.

 

Барчасп