Январ 26, 2020 21:15 Asia/Dushanbe
  • 71 кушта ва захмӣ дар тирандозиҳои Амрико

Маркази сабти хушунатҳои мусаллаҳона дар Амрико, аз кушта ё захмӣ шудани 71 нафар дар тирандозиҳои 24 соати гузаштаи ин кишвар хабар дод.

Маркази сабти омори хушунатҳои мусаллаҳона дар Амрико рӯзи якшанбе эълом кард, дар 62 мавриди тирандозӣ дар 24 соати гузашта дар иёлатҳои мухталифи ин кишвар, дастикам 20 нафар куштаву 51 нафар захмӣ шуданд.

Ин тирандозиҳо дар иёлати Теннесси, Миссури, Алабама, Аризона, Флорида ва Арканзас рух додааст.

Тибқи ин гузориш, дар 48 соати гузашта 169 мавриди тирандозӣ дар иёлатҳои мухталифи Амрико гузориш шуда, ки дар натиҷаи онҳо 58 нафар куштаву 119 нафар захмӣ шудаанд.

Солона ҳазорон нафар бар асари тирандозӣ дар манотиқи мухталифи Амрико кушта ё захмӣ мешаванд.

 

 

Барчасп