Январ 28, 2020 09:42 Asia/Dushanbe
  • Баргузории ду намоишгоҳ бо мавзӯи ҳунарҳои исломӣ дар Малайзия

Музеи ҳунарҳои исломии Малайзия дар Куала-Лумпур ду намоишгоҳ дар иртибот бо ҳунарҳои исломӣ баргузор мекунад.

Ба нақл аз ИКНО, яке аз намоишгоҳҳо бо мавзӯи хӯшнависии исломӣ баргузор шуда ва дар он 73 асари ҳунарӣ, ки қаблан дар ҷои дигаре ба намоиш дар наёмада, ироа шудааст. Ин намоишгоҳ, ки тоза ифтитоҳ шуда, то охири моҳи май идома дорад. Ин намоишгоҳ аввалин бор дар соли 2016 дар галерии ҳунари Нию-Савт-Велз дар Сидней баргузор шуд.

Намоишгоҳи дигаре бо унвони "Машриқзамин, чигуна ҷаҳони ислом бар ҳунари ғарбӣ таъсир гузошт" низ қарор аст аз моҳи июн то ноябр дар музеҳои ҳунарҳои исломии Малайзия баргузор шавад. Осори ин намоишгоҳ, ки дар ҳоли ҳозир дар музеи Британия дар Лондон ба намоиш даромада, шомили чизҳое аз Аврупо, Амрикои Шимолӣ, ғарби Осиё ва шимоли Африқо аст, ки намоёнгари нуфузи ҳунари исломӣ дар ғарб аст.