Январ 28, 2020 17:53 Asia/Dushanbe
  • Эъломи омодагии низомии Амрико барои муқобила бо Чину Русия

Вазири дифои Амрико муддаӣ шуд, низомиёни амрикоӣ барои посух ба таҳдиди физояндаи Чин ва Русия дар саросари ҷаҳон омода мешаванд.

Ба гузориши  хабаргузории Фаронса, Марк Эспер, вазири дифои Амрико рӯзи душанбе дар Вашингтон дар конфронси матбуотӣ бо Флоранс Парли, вазири дифои Фаронса гуфт, ҳадафи Вазорати дифоъ сомондеҳии ҳузури низомии Амрико дар манотиқи зиёде аз ҷаҳон барои муқобила бо Чину Русия аст. Марк Эспер дар ин конфронси матбуотӣ зимни таъйиди суқути ҳавопаймои нерӯи ҳавоии Амрико дар Афғонистон афзуд, таҳқиқот дар бораи ин иттифоқ ҳамчунон идома дорад.

Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон дар баёнияе эълом кард, ки ҳавопаймои сарнагуншудаи ҳомили нерӯҳои амрикоӣ рӯзи Душанбе дар ҳоли маъмурияти ҷосусӣ дар осмони Ғазнӣ соқит шудааст. Дар баёнияи Толибон таъкид шуда буд, ки дар ин рӯйдод сарнишинони ин ҳавопаймо, аз ҷумла шуморе аз афсарони аршади Созмони иттилооти марказии Амрико ба ҳалокат расидаанд.

 

Барчасп