Январ 30, 2020 12:16 Asia/Dushanbe
  • Рӯҳонӣ ; Муомилаи Қарн , нафратангезтарин тарҳи қарн

Раиси ҷумҳурии исломии Эрон чоршанбе шаб тарҳи амрикоии Муомилаи Қарнро нафратангезтарин тарҳи қарн баршумурд.

Ба гузориши радиои бурунмарзии Садои Хуросон , Ҳасани Рӯҳонӣ ,дар вокуниш ба тавтиаи мавсум ба Муомилаи Қарн ,дар ТВИТТЕР ба забони англисӣ навишт , ин иқдомоти аҳмақона кофӣ аст. Ин нафратангезтарин тарҳи қарн аст.

Муҳаммад Ҷавод Зариф вазири хориҷаи исломии Эрон низ чоршанбе шаб тарҳи амрикоии саҳюнистии Муомилаи қарнро Бузургроҳе ба суи ҷаҳанам тавсиф кард.

Доланд Трамп , раиси ҷумҳурии Амрико дирӯз сешанбе ҳамроҳ бо Бенямин Натаняҳу нахуствазири режими саҳюнистӣ дар Кохи Сафед аз тарҳи амрикоии Муомилаи Қарн рӯнамоӣ кард.

Муомилаи қарн , тарҳи наве аз суи давлати Амрико аст ,ки дар паи аз пай бурдани ҳуқуқи мардуми Фаластин аст ; ин тарҳ бо ҳамкорӣ ва мувофиқати бархе кишварҳои арабӣ аз ҷумла Арабистон таҳия шудааст.

Ин тарҳ, Қудсро ба режими Саҳюнистӣ тақдим ва неруҳои Муқовиматро аз мубориза ва оворагони фаластиниро аз ҳақи бозгашт ба кишварашон манъ мекунад.

Бар асоси ин тарҳ Фаластин танҳо моликияти арозии боқимондаи Каронаи Бохтарии рӯди Урдун ва Борикаи Ғаззаҳро хоҳад дошт.

Ҳамаи гурӯҳҳо ва ҷараёнҳои фаластинӣ мухолифати сариҳи худро бо ин тарҳ эълом кард.

Бисёре аз кишварҳо , шахсиятҳо , мақомҳои сиёсӣ ва динии саросари ҷаҳон ба вижа мусалмонон низ ин тарҳро маҳкум кардаанд.

Амрико ҳомии аслии ишғолгарӣ ва ҷиноятҳои Исроил алайҳи мардуми мазлуми Фаластин аст.