Январ 30, 2020 13:13 Asia/Dushanbe
  • Коргоҳи омӯзиши ба муқобила бо хушунати хонагӣ дар Канада

Занони мусалмони Каргарии Канада ,бо коргоҳо омӯзиши ба муқобила бо хушунати хонагӣ рафтанд.

Ба нақл аз Ҳавзаҳ , дар ҳоле ,ки мушкили хушунати хонагӣ сарфи назар аз дин ва фарҳанг ҳамакнун ба унвони яке аз бузургтарин мушкилоти занон дар ҷомеъаҳои мухталиф ба қувати худ боқӣ аст , ҷамъе аз занони мусалмони Калгарӣ дар Канада , коргоҳи шабеҳсозии мубориза бо хушунати хонагӣ роҳандозӣ карданд.

Ин коргоҳи омӯзишӣ рӯзи якшанбе баргузор шуд ва занони мусалмон қурбониёни хушунати хонагиро барои ба чолиш кашидани вазъияти феълияшон ташвиқ мекунад.

Ин коргоҳи омӯзиши бар асоси гуфтаҳои қурбониёни воқеии хушунати хонагӣ роҳандозӣ шуд.

Ин гурӯҳ,ки дар солҳои гузашта дар чандин шаҳри мухталифи Канада аз ҷумла Адмунтун , Миссӣ Сого , Антовир , Сурӣ, Виндзур ва Калгарӣ паноҳгоҳҳое бо номҳои хонаи Нисо , идора мекунанд, ба занони овора ва фирорӣ аз хушунати хонагӣ хадамот ироа медиҳанд.

Фадия Умар яке аз фаолони ин пуйиш ҳам ибрози умедворӣ кард ,ки ин коргоҳои омӯзиши, битавонад огоҳии мардумро боло бибарад.