Рдди Муомилаи Қарн , аввалин мавозеи расмии Алҷазоир ва Кувет
(last modified Thu, 30 Jan 2020 08:54:09 GMT )
Январ 30, 2020 13:54 Asia/Dushanbe
  • Рдди  Муомилаи Қарн , аввалин мавозеи расмии Алҷазоир ва Кувет

Алҷазоир ва Кувет дар аввалин мавозеи расмӣ дар қиболи Муомилаи Қарн , онро рад карданд.

Ба нақл аз Форс, дар баёнияи вазорати хориҷаи Алҷазоир бар ҳимояти комил аз ҳақи миллати Фаластин таъкид ва эълом шуда , ҳақи фаластиниҳо дар эҷоди давлати мустақили фаластинӣ бо марказияти Қудси шарқӣ ғайри қобили тасаруф аст.

Дар ин баёния омадааст ; дар паи эъломи ончи Муомилаи Қарн номида мешавад Алҷазоир бар ҳимояти шадиди худ аз масалаи Фаластин ва ҳақи он дар эҷоди давлати мустақил бо марказияти Қудси шарқӣ таъкид мекунад ҳақе,ки ғайри қобили тасаруф аст ва бо гузашти замон аз байн намеравад.

Алҷазоир дар идома бар тарҳи сулҳи арабии тасвиб шуда дар нишасти Берут таъкид кард, тарҳе ,ки ақибнишинии комил аз арозии ишғолӣ дар муқобили сулҳ ва дар чорчуби машруъи байналмиллал қатъномаҳои муртабити Шурои амният бавижа қатъномаҳои муртабити Шурои амният бавижа қатъномаҳои 242 ва 338 ро матраҳ мекунад.

Кувейт ҳам эълом кард, ҳали одилона ва фарогир барои масалаи Фаластин ҷуз бо илтизоми ба қатъномаҳои байналмиллалӣ мумкин нест.

Дар ибтидои баёнияи Вазорати хориҷаи Кувейт аз ончи талоши Амрико барои ҳали низои фаластинӣ - исроилӣ номида шуда, қадрдонӣ шуда ва дар идома омада аст ; Кувейт бино ба мавзуъи собит ва усулии худ дар ҳимоят аз гузинаҳои миллати Фаластин ,бори дигар таъкид мекунад,ки ҳали фарогир ва одилонаи масалаи Фаластин ҷуз бо таъаҳуд ба қатъномаҳои байналмиллалӣ муртабит ва мабонии ҷомиъаи байналмиллалие ,ки дар муқадимаи он эҷоди давлати мустақил ва дорои ҳокимият дар марзҳои 4 июни 1967 бо марказияти Қудс қарор дорад , муҳақақ намешавад.