Январ 30, 2020 16:37 Asia/Dushanbe
  • Маҳкум кардани “муомилаи қарн” аз сӯи раҳбари Ҳизби конгресси миллии Афғонистон

Раҳбари Ҳизби конгресси миллии Афғонистон "муомилаи қарн"-ро маҳкум кард.

Абдулатиф Пидром дар сафҳаи иҷтимоии худ навишт, Амрико якҷониба назди қозӣ рафтааст, то баландиҳои Ҷавлонро ба режими саҳюнистӣ бибахшад ва моликияти саҳюнистҳо дар шаҳркаҳои яҳудинишини сарзаминҳои ишғолиро ба расмият бишиносад ва муҳиммтар аз ҳама Байтулмуқаддасро пойтахти режими саҳюнистӣ қарор бидиҳад.

Ин сиёсатмадори саршиноси афғонистонӣ гуфт, ки “муомилаи қарн”,иқдоме нангин миёни Натаняҳу ва Трамп аст, муомилае, ки дар набуди комили мардуми қаҳрамони Фаластин, раҳбарон ва намояндагони инҳо буд. Ин муомилаи нангин табъан аз оғоз маҳкум ба шикаст аст ва ҳеҷ виҷдоне ин хиёнатро намепазирад.

Ин муомила шояд барои сарпӯш гузоштан бар ҷиноёт ва шикастҳои сиёсӣ ва ахлоқии Трамп-Натаняҳу истифода шавад, аммо барои сулҳу субот дар Ховари Миёна ҳеҷ арзише надорад.

Пидром ҳамчунин афзуд, мусалмонони ҷаҳон, нирӯҳои адолатхоҳ, мунсиф ва муҳиммтар аз ҳама мардуми Фаластин иҷоза намедиҳанд, амрикаиҳо Байтулмуқаддасро бифурӯшанд ва мардуми Фаластин дар набард алайҳи режими саҳюнистӣ ва мудофеони ҷаҳонии он, пирӯз хоҳанд шуд.

Абдулатиф Пидром дар поён сароҳатан эълом кард, ки дер ё зуд нирӯҳои ишғолгар аз ҳавзаи тамаддунии мо берун ронда мешаванд.

Ӯ гуфт, мардуми Афғонистон ва Ҳизби конгресси миллии ин кишвар дар канори мардуми қаҳрамони Фаластин боқӣ мемонанд.