Январ 30, 2020 17:10 Asia/Dushanbe
  • Русия тамоми марзҳои муштараки худ бо Чинро баст

Русия тасмим гирифта, ки ҳамаи марзҳои муштараки худро бо Чин ба далели тарс аз сирояти коронавирус масдуд кунад.

Мақомоти Русия аз бастан марзҳои муштарак бо Чин ба дастури Михаил Мишустин, нахуствазири ҷадиди Русия хабар додаанд.

Гуфта шуда, ин иқдом ба далели ҷилавгирӣ аз сирояти вируси бемории мӯҳлики короно ба дохили Русия сурат гирифтааст.

Бар ин асос, вазорати хориҷаи Русия эълом кард, ки аз таърих 30 январи 2020 (имрӯз) судури электронии раводид барои атбои чинӣ ҷиҳати вуруд ба ин кишвар мутаваққиф шудааст.

Пеш аз ин низ вазорати хориҷаи Русия аз атбои ин кишвар хоста буд ба далели густариши короновирус, аз сафар ба Чин ба шиддат худдорӣ кунанд.

Дар пайи густариши нигаронкунандаи вируси короно ба нуқоти мухталифи ҷаҳон, Созмони ҷаҳонии беҳдошт эълом кардааст, дар назар дорад барои анҷоми баррасиҳои лозим ҷиҳати тавзеҳи эҳтимолии вазъияти ҳушдори байналмилалӣ, як нишасти фаврӣ бо ҳузури коршиносони худ баргузор кунад.

Барчасп