Январ 31, 2020 21:18 Asia/Dushanbe
  • Мухолифати 133 намояндаи парлумони Британия бо тарҳи “Муомилаи қарн”

133 намояндаи парлумони Британия дар мухолифат бо тарҳи саҳюнистии мавсум ба “Муомилаи қарн” баёния содир карданд.

Ба гузориши рӯзи ҷумъаи хабаргузории фаластинии “Маъон”, намояндагони парлумони Британия дар ин баёния аз Борис Ҷонсон, нахуствазири ин кишвар хостанд, тарҳи амрикоии “Муомилаи қарн” -ро рад кунад.

Намояндагони имзокунандаи ин баёния тарҳи “Муомилаи қарн” -ро зарбае ба ҳуқуқи миллати Фаластин ва қавонини байналмилалӣ донистанд.

Дар ин баёния омадааст: “Муомилаи қарн”  ҳеҷ усули мантиқӣ барои бозгашт ба музокиротро фароҳам накарда ва дар айни ҳол фурсатҳои дастёбӣ ба сулҳро коҳиш дода ва қавонини байналмилалиро бо таҳдиди нақз мувоҷеҳ сохтааст.

Намояндагони парлумони Британия афзуданд, тарҳт “Муомилаи қарн”  дар замоне рӯнамоӣ шуда, ки ранҷҳои мардуми Фаластин ба далели тахриби хонаҳояшон ба дасти нерӯҳои исроилӣ афзоиш ёфта ва иқдомоти ин нерӯҳо ба оворагии комили хонаводаҳои фаластинӣ мунҷар шудааст.

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико рӯзи сешанбе (28 январ) дар Кохи Сафед дар ҳоле, ки Бенёмин Натанёҳу, нахуствазири режими саҳюнистиро дар канори худ дошт, аз тарҳи созиши таҳмилии мавсум ба “Муомилаи қарн”  рӯнамоӣ кард.

Бар асоси ин тарҳи амрикоӣ- саҳюнистӣ ва зиддифаластинӣ, кулли шаҳри Қудс ба режими саҳюнистӣ вогузор мешавад, оворагони фаластинӣ дар дигар кишварҳо ҳаққи бозгашт нахоҳанд дошт ва Фаластин танҳо моликияти заминҳои боқимондаи Каронаи бохтарии рӯди Урдун ва борикаи Ғаззаро хоҳад дошт.

Бисёре аз кишварҳои исломӣ ва ҳамаи гурӯҳҳои фаластинӣ бо ин тарҳ мухолифат кардаанд.

 

Барчасп