Феврал 01, 2020 11:46 Asia/Dushanbe
  • Ҳамлаи ҷангандаҳои режими Саҳюнистӣ ба шимоли Ғаззаҳ

Ҷангандаҳои режими Саҳюнистӣ минтақаҳоеро дар шимоли Навори Ғаззаҳ ҳадафи ҳамла қарор доданд.

 Нерӯҳои ҳавоии артиши Исроил ба баҳонаи шилик шудани чанд ракет аз Навори Ғаззаҳ, шимоли ин минтақаро чандбор ҳадаф қарор доданд.

 

Ба нақл аз Форс, ҳади ақал як ракет аз Навори Ғаззаҳ ба самти шаҳракҳои саҳюнистнишин шилик шуда ,ки пеш аз бархурд тавассути сомонаҳои падофандӣ раҳгирӣ шуд.

Артиши Исроил мегуяд , дар ҳоли наздик шудан ба минтақаҳои ғайриқобили бозгашт ҳастанд ва вокуниши сахте нишон хоҳанд дод.

Шомгоҳи ҷумъа буд ,ки артиши режими Саҳюнистӣ иддао кард ,ки як ракет аз Навори Ғаззаҳ ба суи шаҳраки Седирут шилик шуд ,ки сомонаи Гунбади оҳанин мушакро раҳгирӣ кардааст.

Саҳюнистҳо асри рӯзи ҷумъа низ муддаъи шуда буданд ,ки се гулулаи хумпора аз Навори Ғаззаҳ ба суи шаҳракҳои атроф шилик шудааст.

Мардуми Навори Ғаззаҳ рӯзи ҷумъа пас аз иқомаи намоз , эътирозҳои густардаи худ алайҳи тарҳи мавсум ба Муомилаи қарн ва пайвастани дараи рӯди Урдун ба режими Саҳюнистиро оғоз карданд ва ин эътирозҳо дар бархе минтақаҳо ба даргирӣ кашида шудааст.

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико ҳафтаи пеш таи нишасти хабарӣ ба ҳамроҳи Бинямин Натаняҳу нахуствазири режими Саҳюнистӣ аз тарҳи Муомилаи қарни худ ,ки муддаъӣ аст барои поён додан ба мунозиъаи фаластиниён ва саҳюнистҳо аст, рӯнамоӣ кард. Дар ин тарҳ, шаҳри Қудс ба кулли ба унвони пойтахти режими Саҳюнистӣ, ба ин режим вогузор шуд.