Таъкиди Чин бар идомаи хариди нафт аз Эрон
(last modified Sat, 01 Feb 2020 15:46:24 GMT )
Феврал 01, 2020 20:46 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди Чин бар идомаи хариди нафт аз Эрон

Идораи гумруки Чин ба рағми таҳримҳои нафтии золимонаи Амрико зидди Эрон, аз идомаи хариди нафти Эрон хабар дод.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, рӯзномаи Савт Чайна-и Гонконг навишт, гумруки Чин рӯзи шанбе дар навтарин гузориши омории худ эълом кард, Пекин ба харидҳои нафтӣ аз Эрон идома медиҳад.

Дар гузориши гумруки Чин омадааст, воридоти нафти Чин аз Эрон дар соли 2019 рӯзона 295 ҳазору 400 бушка нафт будааст.

Рӯзномаи Савт Чайна-и Гонконг  таъкид кард, Чин ва Эрон ду шарики бузурги тиҷорӣ ҳастанд ва таҳримҳои Амркио монеи иртиботи ин ду кишвар нашудааст.

Майк Помпео ва Стивен Мнучин вазирони хориҷа ва хазонадории Амрико ахиран Чинро ба далели хариди нафти Эрон таҳдид ба таҳрим карданд, аммо ба рағми ин таҳдидҳо, Пекин борҳо эълом кардааст ба ҳеҷ ваҷҳ таҳримҳои якҷониба алайҳи Эронро нахоҳад пазируфт.

Амрико баъд аз хуруҷи ғайриқонунӣ ва якҷониба аз БАРҶОМ (8 майи 2018) корзории ҳамаҷонибаро барои иҷроии фишори ҳадиаксарӣ алайҳи Эрон ба роҳ андохта ва беш аз 9 моҳ аст, ки муофиятҳои таҳримии харидорони нафти Эронро бекор кардааст.

Бо вуҷуди ин таҳдидҳо, Амрико то кунун натавонистааст содироти нафти Эронро қатъ кунад.