Нобиное, ки дар садами нақлиётӣ бино шуд
Феврал 03, 2020 13:04 Asia/Dushanbe
Як марди нобино дар Полша пас аз тасодуф дубора биноии худро ба даст овард.
Ба нақл аз Спутник, Януш Гурай, ки 20 сол пеш бар асари вокуниши алергик нобино шуд ва чашми чапаш фақат шаклҳо ва нурро ташхис медод, пас аз тасодуф бо худрав барои дармони шикастагии пояш ба бемористон мунтақил шуд.
Ӯ ду ҳафта дар бемористон бистарӣ буд ва вақте, ки аз бемористон берун омад мутаваҷҷеҳ шуд, ки бо ҳар ду чашм мебинад ва биноияш комилан бозгаштааст.
Пизишкон наметавонанд чигунагии бозгашти биноии ӯро тавзеҳ диҳанд, зеро ӯ тақозои ширкат дар таҳқиқотро рад кард.
Бо ин ҳол худаш муътақид аст, ки иллати бозёфти биноияш ду зарбае буд, ки дар ин тасодуф ба сараш ворид шуд.
Барчасп