Феврал 03, 2020 20:40 Asia/Dushanbe
  • Баргузории намоишгоҳи муд ва либоси исломӣ дар Ҳинд

Ба муносибати Рӯзи ҷаҳонии ҳиҷоб, намоишгоҳе аз анвои русарӣ ва либосҳои пӯшида дар Ҳайдарободи Ҳинд баргузор шуд.

Ба гузориши ИКНА,ба ин муносибат, рӯзи гузашта намоишгоҳе бо мавзӯи ҳиҷоб ва либосҳои пӯшида дар Ҳайдарободи Ҳинд бо ҳузури духтарони навҷавони мусалмон аз сӯи шӯъбаи Ҳайдарободи ширкат “IDH”-и Англия, ки тавлидкунандаи либосҳои мунтабиқ бо сабки зиндагии исломӣ дар Лондон аст, баргузор шуд.

Ширкаткунандагон дар ин намоишгоҳ, иштиёқ ва алоқаи худро ба маҳсулоти ҳиҷоб ва пӯшиши исломӣ эълом карданд.

Раҳима ал Нисо, ки намояндагии ин ширкатро дар иёлати Талангонаи Ҳинд роҳандозӣ карда гуфт, ҳиҷоб як пӯшиши бовиқор ва талфиқе аз муди рӯз ҳамроҳ бо матонат аст.

Вай афзуд, ҳадаф аз намоишгоҳи ҳиҷоб, боло бурдани огоҳии умумӣ аз ин мавзӯъ аст, ки чигуна русарӣ метавонад ҳам ба шакли суннатӣ сарро бипушонад ва ҳам дар айни ҳол зебо ва имрӯзӣ бошад.

Ин ширкат, ки дафтари аслии он дар Лондон аст, дар кишварҳои Арабистон, Иморот, Миср, Кувейт, Фаластин, Урдун, Африқои Ҷанубӣ ва Мозамбик фаъолият дорад.