Эрдуғон: Пайвастани Қрим ба Русияро ба расмият намешиносем
Пас аз боло гирифтани таниши байни Маскав ва Анкара бар сари авзои шимоли Сурия раисҷумҳури Туркия эълом кард, Анкара пайвастани шибҳиҷазираи Қрим ба Русияро ба расмият намешиносад.
Ба гузориши пойгоҳи хабарии шабакаи TRT, Раҷаб Тайиб Эрдуғон, раисҷумҳури Туркия дар конфронси хабарӣ бо Владимир Зелинский, раисҷумҳури Украина дар Киев авзоъ дар Идлиби Сурияро ғайриқобили мудирият хонд ва муддаӣ шуд, беш аз як миллион овора бо чашмпӯшии Русия дар ҳоли ҳаракат ба сӯйи марзҳои Туркия ҳастанд.
Ин изҳороти раисҷумҳури Туркия алайҳи Русия дар ҳолест, ки беш аз 2 сол аст, робитаи Туркия ва шарикони ғарбии он ҳам беш аз ҳар замони дигаре тира шудааст, ба гунае ки Туркия водор шуд, барои таъмини ниёзҳои низомии худ ба Русия наздик шавад ва бо хариди сомонаҳои мушакӣ, аз ҷумла S-400 худро ба фанноварии таслиҳотии Русия вобаста созад.
Раисҷумҳури Туркия ҳамчунин бидуни ишора ба вуруди ғайриқонунии нерӯҳои кишвараш ба дохили хоки Сурия муддаӣ шуд, ки ҳамалоти рӯзи душанбеи артиши Сурия дар Идлиб сабаб кушта шудани 8 тан шуда, ки 5 нафари онҳо низомӣ ва 3 нафари дигар ғайринизомӣ будаанд. Раҷаб Тайиб Эрдуғон бо баёни ин ки низоми Сурия баҳои ин иқдомоти худро хоҳад пардохт, муддаӣ шуд, ки нерӯҳои Димишқ тамоми тавофуқномаҳоро нақз карда ва пойгоҳҳои назоратии Туркияро ҳадаф қарор додаанд.