Ваксинаи озмоишии коронавирус тавлид шуд
Феврал 05, 2020 10:54 Asia/Dushanbe
Аввалин ваксинаи озмоишии коронавирус ба зудӣ дар шаҳри Вуҳани Чин бар рӯи инсон озмоиш мешавад.
Ба нақл аз бошгоҳи хабарнигорони ҷавон, як ширкати мустақар дар ИМА, ки барои тавсиаи дармони бемориҳои гепатит С ва СПИД фаъол аст, дар ҳамкорӣ бо бемористони "Дӯстии Чин ва Ҷопон", як доруи зиддивирус ба номи remdesivir- ро рӯи сокинони шаҳри Вуҳани Чин озмоиш мекунад.
То имрӯз 492 нафар бар асари ибтило ба коронавирус ҷон бохта ва беш аз 24 ҳазор нафар дар ҷаҳон ба ин вирус мубтало шудаанд.