Феврал 06, 2020 13:24 Asia/Dushanbe
  • Муқобилаи падофанди ҳавоии Сурия бо ҳамлаи мушакии режими Саҳюнистӣ

Падофанди ҳавоии Сурия бомдоди панҷшанбе бо ҳамлаи мушакии режими Саҳюнистӣ ба Ҳуммаи Димишқ муқобила кард.

Ба нақл аз Меҳр , падофанди ҳавоии артиши Сурия бомдоди панҷшанбе ҳамлаи режими Саҳюнистӣ ба Ҳумаи Димишқ ва минтақаи ҷанубиро дафъ карда ва теъдоди қобили таваҷуҳе аз ин мушакҳоро дар осмон соқит кард.

Ин ҳамла аз самти Ҷувлони ишғолӣ ва ҷунуби Лубнон сурат гирифт ва минтақаҳои Алкасва , Марҷ Алсултон , Ҷасри Бағдод дар Ҳуммаи Димишқ ва ҷануби шаҳри Азраъ дар Даръоро ҳадаф қарор дод.

Бар асоси ин гузориш, падофанди ҳавоии Сурия тавонист ин ҳамларо дафъ ва теъдоди қобили таваҷуҳе аз мушакҳоро дар осмон мунҳадим кунад.

Манбаъҳои хабарӣ аҳ шунидани садои таркишҳои муҳибе дар ғарби шаҳри Димишқ хабар дода буданд.