Феврал 06, 2020 18:05 Asia/Dushanbe
  • Таъкиди раисиҷумҳури Чин бар маҳори коронавирус

Дар пайи шуюи коронавирус  дар Чин, раисиҷумҳури ин кишвар таъкид кард, Пекин ин вирусро контрол хоҳад кард.

Си Ҷинпин гуфт, бетардид Чин муваффақ ба маҳори ин вирус хоҳад шуд ва тадобири бисёр сахте иттихоз шуда, ки натиҷабахш ва муассир будааст.

Вай афзуд, Чин тавонистааст дар заминаи маҳори ин вирус ва пешгирӣ аз шуюи густурдатари он, гомҳои баланде бардорад.

Раисиҷумҳури Чин бо баёни инки ин кишвар дар ҳассостарин шароит қарор дорад гуфт, коронавирус шуюъ пайдо карда ва аслитарин меҳварм корм ҳамаи масъулон ин аст, ки ба пешгирӣ аз вирус кумак ва пизишкон низ барои дармони он роҳе пайдо кунанд.

Комиссияи миллии беҳдошти Чин дар тозатарин гузориш эълом кард, шумори ҷон бохтагони бемории ношӣ аз коронавирус дар ин кишвар ба 560 нафар ва мубталоён  ба беш аз 24 ҳазорнафар расидааст.