Феврал 06, 2020 18:56 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Клинтон аз амалкарди ҷумҳурихоҳон

Вазири собиқи умури хориҷаи Амрико дар вокуниш ба раъйи манфии Сенат ба истизоҳи раисиҷумҳури ин кишвар ҷумҳурихоҳонро ба хиёнат муттаҳам кард.

Ҳиллари Клинтон, вазири собиқи умури хориҷаи Амрико баъд аз раъйи манфии Сенат ба истизоҳи Доналд Трамп, раисиҷумҳури ин кишвар дар паёми “Твиттер”-ӣ навишт, дар ҳоле, ки додгоҳи истизоҳи раисиҷумҳур оғоз шуд, сенаторҳои ҷумҳурихоҳ қасам хӯрданд, ки аз қонуни асосӣ дифо кунанд, аммо имрӯз 52 нафар аз онҳо ба он қасам ва ҳамаи амрикоиҳо хиёнат карданд.

Клинтон, дар паёми “Твиттер”-ии дигари худ навишт, дар ҳоли ворид шудан ба марҳалаи хатарнок барои демократия дар Амрико ҳастем.

Сенати Амрико баъд аз се рӯзи муноқишаи нафасгир дар бораи истизоҳи Трамп, бо 52 раъй дар муқобили 48 раъй, Трампро аз ҳар ду банди иттиҳомӣ, яъне сӯиистифода аз қудрат дар парвандаи Украина  ва ҷилавгирӣ аз иҷрои адолат, раъй ба «бегуноҳӣ» дода ва ӯро аз ин иттиҳомот табраа кард.

 

Барчасп