Феврал 08, 2020 19:12 Asia/Dushanbe
  • Намояндаи собиқи Дума: номи дигари Муомилаи қарн кулоҳбардорӣ аст

Шомил Султонов намояндаи пешини Маҷлиси Дума ва раиси Маркази мутолиоти Ховари Миёнаи Русия, Муомилаи қарнро кулоҳбардории бузурги Амрико аз мардуми Ғарби Осиё барои кумак ба Исроил тавсиф кард.

Ба нақл аз ИРНО, раиси Маркази мутолиоти Ховари Миёнаи Русия, ки чандин сол раёсати гуруҳи дидгоҳҳои роҳбурдии Русия ва ҷаҳони исломро бар уҳда доштааст гуфт, Амрико наметавонад бо фишори сарони бархе ҳукуматҳои арабӣ, Муомилаи қарнро бар ҷаҳони ислом таҳмил кунад.

Султонов афзуд, вокуниши шадид ва мухолифати бисёре аз кишварҳои исломӣ бо Муомилаи қарн низ дурнамои иҷро ва амалисозии ин тарҳи зиддифаластиниро дар ибҳом қарор додааст.

Ин коршиноси рус таъкид кард, агар кишварҳои исломӣ муттаҳид шаванд ва Созмони ҳамкории исломӣ бар мавзеъҳои кунунии худ дар радди ин тарҳ истодагӣ кунад Амрико ва Исроил наметавонанд Муомилаи қарнро ба иҷро дароваранд.

Раиси Маркази мутолиоти Ховари Миёнаи Русия афзуд, Амрико бо пешниҳоди тарҳи якҷонибаи Муомилаи қарн ва исрор бар иҷрои он бо фишор бар тарафи фаластинӣ ҷойгоҳи худро ба унвони миёнҷӣ аз даст додааст.

Ба гуфтаи Султонов Фаластин бо Амрико қатъи робита кардааст ва Вашингтон наметавонад ба унвони кишвари бетараф дар раванди ҳаллу фасли муноқиша байни Фаластин ва Исроил мушорикат кунад.

Ин коршиноси рус муътақид аст, ки поёни ишғоли минтақаҳои Фаластин дар Соҳили ғарбии рӯди Урдун ва навори Ғазза ва таваққуфи шаҳраксозии Исроил дар заминҳои фаластиниён танҳо роҳи ҳалли масъалаи Фаластин аст.

Раиси ҷумҳури Амрико бисту ҳаштуми январ дар ҳузури Бенямин Нетанияҳу нахуствазири режими саҳюнистӣ аз тарҳи иддаоии худ мавсум ба Муомилаи қарн рӯнамоӣ кард; тарҳе, ки ҳадаф аз он ҳазфи масъалаи Фаластин буда ва мухолифати ҳамаи гуруҳҳои фаластиниро ба ҳамроҳ доштааст.

 

Барчасп