Феврал 09, 2020 12:38 Asia/Dushanbe
  • Тасмими давлати Ҳинд барои мусодираи амволи муътаризон ба қонуни шаҳрвандӣ

Дар ҳоле, ки эътирозҳо алайҳи тасмими давлати Ҳинд барои эътои шаҳрвандӣ ба шарти мусулмон набудан ҳамчунон идома дорад, полиси Ҳинд 700 нафар аз муътаризон ба ин қонунро ба забти амвол таҳдид кард.

Ба нақл аз хабаргузории Тасним, полиси Ҳинд рӯзи шанбе эълом кард, барои 700 нафар аз муътаризон ба тасмими нав, қонуни шаҳрвандӣ ихторияҳое содир кардааст, ки агар ба эътирози худ идома диҳанд, амволашон тавқиф хоҳад шуд.

Таҳдид ба тавқифи амволу амлоки шаҳрвандони муътаризи ҳиндӣ дар ҳоле анҷом мешавад, ки пеш аз ин талош барои саркуби онҳо бенатиҷа мондааст.

То кунун 30 нафар дар пайи ин эътирозҳо кушта ва беш аз 21 ҳазор нафар низ боздошт шудаанд.

Қонуни нави шаҳрвандии Ҳинд дар 11 декабр ба тасвиб расид.

Бар асоси ин қонун ба муҳоҷироне, ки маҷбур ба фирор аз кишварҳои ҳамсоя (Бангладеш, Покистон ва Афғонистон) ба Ҳинд мешаванд шаҳрвандӣ ва ҳаққи шаҳрвандӣ дода мешавад; аммо ин мавзӯъ шомили мусулмонон нахоҳад шуд.

 

Барчасп