Феврал 09, 2020 18:24 Asia/Dushanbe
  • Оғози интихоботи  Маҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон

Шашумин давраи интихоботи Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон аз соати ҳашти субҳи имрӯз (якшанбе) ба вақти маҳаллӣ, бо рақобати 1314 номзад оғоз шуд.

Интихоботи зудҳангоми Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон дар 5573 шӯъбаи раъйпурсӣ, дар 125 ҳавзаи интихоботӣ дар саросар ин кишвар ба ғайр аз манотиқи таҳти тасарруфи нерӯҳои арманӣ дар Қарабоғ баргузор мешавад ва қарор аст 5 миллиону 329 ҳазору 460 нафар аз воҷидини шароит то соати 19:00, ба номазади мавриди назар раъй диҳанд.

Ба гузориши Комиссияи марказии интихоботи раёсатҷумҳурии  Ҷумҳурии Озарбойҷон, 883 нозири байналмилалӣ бар чигунагии баргузории ин давраи интихоботи Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Озарбойҷон назорат доранд.

Тибқи қонуни интихоботии Ҷумҳурии Озарбойҷон, интихоботи Маҷлиси миллӣ бар асоси низоми интихоботии аксариятӣ баргузор мешавад ва дар саросари ин кишвар дар маҷмӯъ 125 ҳавзаи интихоботӣ вуҷуд дорад, ки аз ҳар ҳавза фақат як номзад, ки бештарин раъйҳои раъйдиҳандагонро ба даст оварда бошад, интихоб мешавад.

 

 

Барчасп