Дархости 350 ҳазор нафар барои истеъфои раиси Созмони ҷаҳонии беҳдошт
(last modified Mon, 10 Feb 2020 09:24:59 GMT )
Феврал 10, 2020 14:24 Asia/Dushanbe
  • Дархости 350 ҳазор нафар барои истеъфои раиси Созмони ҷаҳонии беҳдошт

Беш аз 350 ҳазор нафар аз саросари ҷаҳон дар додхосте онтайн бо интиқод аз амалкарди номуносиби раиси Созмони ҷаҳонии беҳдошт дар баробари шуюи коронавирус хостори истеъфои ӯ шуданд.

Ба нақл аз хабаргузории амрикоии ЮнайтедПресс, фарде бо номи Узу Кайип 31 январ ин додхости онлайнро матраҳ ва дар он амалкарди  Габрисро омили шуюи сареи коронавирус эълом кард.

Ин вирус то кунун 904 кушта ва ҳудуди 41 ҳазор мубтало дар 29 кишвар ба ҷо гузоштааст.

Чигунагӣ ва замони ибтилои аввалин нафар ба ин вирус дар шаҳри Вуҳани Чин ҳануз маълум нест, аммо вақте дар декабр хатари ин вирус ба мақомоти Чин ва сипас ба ҷаҳон гушзад шуд, Габрис то 31 январ аз эъломи шароити изтирорӣ барои саломати ҷаҳонӣ тафра рафт.

Дар ин додхости интернетӣ омадааст, мо бо ҷиддият бар ин боварем Габрис барои идораи Созмони ҷаҳонии беҳдошт ва доштани унвони раиси ин созмон муносиб нест ва хостори истеъфои фаврии ӯ ҳастем.

Ин додхост меафзояд, ӯ дар 23 январи имсол аз эъломи шуюи коронавирус ба унвони шароити изтирорӣ худдорӣ кард ва то ҷое, ки медонем ин вирус дар шароити кунунӣ қобили дармон нест.

Созмони ҷаҳонии беҳдошт, ҳудуди ду ҳафта пас аз гуфтугӯи Габрис бо раиси ҷумҳури Чин дар охирҳои январ, дирӯз гуруҳе аз коршиносони байналмиллалиро ба манзури таҳқиқ дар бораи шуюи коронавирус ба Пекин сафарбар кард.