Бозтоби роҳпаймоии явмуллоҳ 22 баҳман дар телевизион ва радиои миллии Ҷопон
(last modified Wed, 12 Feb 2020 09:08:11 GMT )
Феврал 12, 2020 14:08 Asia/Dushanbe
  • Бозтоби роҳпаймоии явмуллоҳ 22 баҳман дар телевизион ва радиои миллии Ҷопон

Телевизион ва радиои миллии Ҷопон Эн Эч Ки ҳузури бошукӯҳи мардуми Эрон дар роҳпаймоии явмуллоҳ 22 баҳманро дар веб-сайти худ бозтоб дод.

Веб-сайти Эн Эч Ки дар гузорише бо унвони "Гирдиҳамоӣ дар Эрон 41 сол пас аз пирӯзии инқилоби исломӣ" навишт:

Эрон рӯзи 11 феврал, 41-умин солгарди пирӯзии инқилоби исломиро пушти сар гузошт, ки низоми подшоҳии ситамкори  муттаҳиди Амрикоро соқит кард.

Бар асоси ин гузориш, дар соли 1979 бо инқилоби исломӣ, режими ситамкори паҳлавии муттаҳиди ғарб дар Эрон барчида шуд ва ба ҷои он, низоми исломӣ таъсис карданд.

Дар идомаи гузориши телевизион ва радиои миллии Ҷопон омадааст:

Мардум дар саросари Эрони исломӣ аз ҷумла Теҳрон, пойтахт бо дар даст доштани тасвири шаҳид сипаҳбуд Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи "Қудс"-и Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, ки тавассути артиши Амрико террор шуд, хашми  худро аз ин кишвар иброз карданд.