Баргузории маросими бузургдошти 41-умин солгарди пирӯзии инқилоб дар Маскав
(last modified Wed, 12 Feb 2020 09:37:52 GMT )
Феврал 12, 2020 14:37 Asia/Dushanbe
  • Баргузории маросими бузургдошти 41-умин солгарди пирӯзии инқилоб дар Маскав

Маросими расмии рӯзи миллӣ ва солгарди пирӯзии инқилоби исломӣ, дар маҳалли иқоматгоҳи сафири Ҷумҳурии исломии Эрон дар Маскав баргузор шуд.

Ба гузориши ИСНА, дар ин маросим, ки ҷамъе аз мақомоти раддаи болои лашкарӣ ва кишварии Русия, сафирон ва дипломатҳои муқим ҳузур доштанд, сафири Эрон дар Русия бо ишора ба дастовардҳои инқилоби исломӣ таи 41 соли гузашта ва истимрори душманиҳои Амрико ба ҳамкориҳои густурдаи ду кишвари Эрон ва Русия, дар абъоди мухталиф пардохт ва бар зарурати идомаи ҳамкориҳои минтақавии ду кишвар таъкид кард.

Козими Ҷалолӣ ба ҳамкориҳои ду кишвар дар заминаи мубориза бо терроризм ишора кард ва иқдомоти ҷинояткоронаи Амрико дар минтақа, аз ҷумла террори сипаҳбуд Сулаймониро маҳкум кард ва онро бар хилофи ҳуқуқ ва мавозини байналмилалӣ ва дар ростои якҷонибагароӣ донист.

Мавзӯи Фаластин ва муомилаи нангини қарн ва мавзеи Эрон дар ин хусус, аз дигар меҳварҳои матраҳшуда аз сӯи Ҷалолӣ буд.