Афзоиши шумори ҷонбохтагони вируси корона ба 1110 нафар
https://parstoday.ir/tg/news/world-i50809-Афзоиши_шумори_ҷонбохтагони_вируси_корона_ба_1110_нафар
Вазорати беҳдошти Чин эълом кард, бо ҷон бохтани 92 нафари дигар аз афроди мубтало ба коронавирус, шумори ҷонбохтагони ношӣ аз аз ин вируси маргбор дар ин кишвар ба 1110 нафар расид.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 12, 2020 11:28 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши шумори ҷонбохтагони вируси корона ба 1110 нафар

Вазорати беҳдошти Чин эълом кард, бо ҷон бохтани 92 нафари дигар аз афроди мубтало ба коронавирус, шумори ҷонбохтагони ношӣ аз аз ин вируси маргбор дар ин кишвар ба 1110 нафар расид.

Бар асоси охирин омори Вазорати беҳдошти Чин дар рӯзи чоршанбе омадааст, то кунун беш аз 42 ҳазору 500 нафар дар ин кишвар ба вируси корона мубтало шудаанд.

Пеш аз ин шумори ҷонбохтагони ин бемории вирусӣ дар Чин 1018 нафар эълом шуда буд.

Хабари афзоиши шумори ҷонбохтагони коронавирус дар Чин дар ҳоле аст, ки Комиссияи беҳдошти миллии ин кишвар ахиран гуфта буд, зариби муолиҷаи беморони мубтало ба ин вирус дар Чин дар ҳоли афзоиш аст.