Ҳимояти Амрико аз мавозеи зиддисурии Туркия дар бораи Идлиб
Амрико аз мавозеи зиддисурии Туркия дар бораи Идлиб ҳимоят кард.
Ба гузориши “Форс”, вазири хориҷаи Амрико дар идомаи зиддияти ғарбиҳо ва ҳомиёнашон бо амалиёти поксозии устони Идлиб аз террористҳо, дар як паёми твиттерӣ аз мавозеи зиддисурии Туркия ҳимоят кардааст.
Дар ҳоле, ки таҳдидҳои низомии Туркия алайҳи Сурия ба хотири идомаи амалиёти поксозии террористҳо дар Идлиб идома дорад, Майк Пампео, вазири хориҷаи Амрико бар ҳимояти Вашингтон аз мавозеи Анкара таъкид кардааст.
Вазири хориҷаи Амрико дар ин паёми твиттерӣ ибтидо муддаии кушта шудани “сарбозони артиши Туркия дар Идлиб” дар ҳамлаи артиши Сурия шуда, аммо дар бораи теъдоди онҳо ишора накардааст.
Майк Пампео сипас гуфт: “ҳамалоти ҷории режими (Башор) Асад ва Русия (дар Идлиб) бояд поён ёбад”.
Вазири хориҷаи давлати Доналд Трамп ҳамчунин хабар дод, ӯ Ҷеймз Ҷефри, намояндаи вижаи Амрико дар Сурияро барои ройзанӣ бо мақомҳои Туркия ба манзури “ҳамоҳанг кардани иқдомот” дар бораи таҳаввулоти Идлиб ба Анкара фиристодааст.