Афзоиши вируси Карона ба 1500 нафар
Масулони беҳдоштии давлати Чин аз ҷонбохтани ҳазору пансад нафар бар асари мубтало ба бемории Карона хабар доданд.
Камисиюни миллии беҳдошти Чин бомдоди имрӯз (шанбе ) бо эъломи хабари талафоти нав, гуфт теъдоди касоне,ки бар асари мубтало ба вируси Куввид 19 ҷони худро аз даст доданд , ба 1523 нафар афзоиш ёфтааст.
Ба нақл аз Форс, бар ин асос, 2641 нафари дигар низ дар Чин ба ин вирус мубтало шуданд ,ки теъдоди кули мубталоёни онро ба 492 , 66 нафар расонд.
Дар бисту чорсоати гузашта 912 нафар ,ки ба вируси нави Карона мубтало буданд , дармон ва аз бемористон ҷавоб шуданд. Ба ин тартиб теъдоди кули дармоншудагон низ ба 8, 096 нафар афзоиш пайдо кард.
Дар ҳоле,ки ҳудуди ду моҳ аз шуюъи вируси нав дар Чин ва сирояти онба беш аз 20 кишвари ҷаҳон мегузарад , аввалин тим аз Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ қарор аст имрӯз вориди Пекин шавад то дар таҳқиқот рӯи дармони ин вирус кумак кунад.
Мубтало шудани 1700 нафар аз кадри дармонии чинӣ ба ин вирус, алорағми истифода аз таҷҳизоти кантролии монанди моск ва либосҳои ийзувла , боиси нигаронии беҳдошти ҷаҳонӣ шуда ва тиме аз муҳақиқон ва пизишкони худро ба Пекин эъзом кард.
Аз суи дигар, раиси Созмони амрикоии мавсум ба Маркази кантрол ва пешгирӣ аз бемории (CDC ) - ба унвони қавитарин маркази мубориза бо бемориҳои хатарноки эпидемӣ - мегуяд ин вирус ба тағийри фасл ва дамои ҳаво ҳасосият надорад ва эҳтимолан ҳатто то соли оянда низ ҷаҳонро даргири худ кунад.
Вирусҳои Карона ( ё Карона вирусҳо ) хонаводаҳое аз вирусҳо ҳастанд ,ки бемориҳои марбут ба дастгоҳи танафусӣ аз сармохурдагии маъмулӣ гирифта то бранхит ва уфунати маҷори танафусиро мунҷар мешавад.