Феврал 17, 2020 12:43 Asia/Dushanbe
  • Лавров: террори генерал Сулаймонӣ поймолсозии  бешармонаи қавонини байналмиллал буд

Вазири умури хориҷаи Русия бо таъкид бар ин ки масоили Ғарби Осиё танҳо аз тариқи гуфтугӯ қобили ҳал аст гуфт, ки террори сипаҳбуд Сулаймонӣ поймолсозии бешармонаи қавонини байналмиллалӣ буд.

Ба нақл аз Форс, Сергей Лавров вазири умури хориҷаи Русия дар гуфтугӯ бо рӯзномаи италияии Ла Стампа, ки рӯзи душанбе ба чоп расид дар бораи ташдиди танишҳо миёни Эрон ва Амрико дар пайи иқдоми террористии Вашингтон дар ба шаҳодат расондани сипаҳбуд Сулаймонӣ гуфт, ки мавзеи Маскав комилан мушаххас аст ва мо ҳаргуна иқдомеро, ки дар тазод бо усул ва қавонини Маншури Созмони Миллал бошад ва ба танишҳои бештар дар минтақа мунҷар шавад, маҳкум мекунем.

Лавров идома дод, ҳамлаи севвуми январи 2020-и Пентагон ба фурудгоҳи Бағдод, ки ба кушта шудан (шаҳодат)-и генерал Қосими Сулаймонӣ, фармондеҳи нерӯи Қудси Сипоҳи посдорони Эрон мунҷар шуд, поймолсозии   бешармонаи қавонини байналмллал буд, зимни инки ин ҳамла ба як фурудгоҳи ғайринизомӣ сурат гирифт бино барин Амрико бо ин иқдом поро аз қолини худ фаротар гузоштааст.

Вазири умури хориҷаи Русия таъкид кард, мавзеи Маскав ҳамчунон бар ин аст, ки ғалаба бар ихтилофоти феълӣ дар Ғарби Осиё мунҳасиран аз тариқи гуфтугӯ ва мизи музокира имконпазир аст.

Ин депломат рус дар хусуси Тарҳи амнияти ҷамъии Русия барои Халиҷи Форс гуфт, ки бар хилофи дигар идеаҳое, ки бархе кишварҳои хос пешниҳод додаанд Маскав дастури коре созанда ва якпорча ба манзури вокуниши муштарак ба чолишҳо ва таҳдидҳои минтақаи Ғарби Осиё пешниҳод дода ва муътақид аст иҷрои тадреҷии ин тарҳ гоми муҳиме дар масири одисозии вазъият дар саросари Ховари Миёна хоҳад буд.