Ду захмӣ бар асари тирандозӣ дар Анкара
(last modified Mon, 17 Feb 2020 15:42:22 GMT )
Феврал 17, 2020 20:42 Asia/Dushanbe
  • Ду захмӣ бар асари тирандозӣ дар Анкара

Фармондории Анкара, пойтахти Туркия аз тирандозӣ дар яке аз мактабҳои ин шаҳр ва захмӣ шудани дастикам ду нафар хабар дод.

Фармондори Анара рӯзи душанбе гуфт, субҳи имрӯз (душанбе) дар Анқара, Мурод Огенҷӣ аз коркунони дабиристон ба далоиле номаълум ба самти мудири мактаб тирандозӣ ва ӯро захмӣ кард.

Ин гузориш афзуд, ба думболи ин ҳодиса, масъулони дабиристон ба суръат мактабро тахлия карданд ва омили ҳамла низ баъд аз тирандозӣ иқдом ба худкушӣ кард, ки албатта ҷони солим бадар бурд ва захмӣ шуд.

Ба гуфтаи фармондори Анара, омили мусаллаҳ ба бемористон мунтақил шудааст ва он тавр, ки хабаргузории Анотолии Туркия гузориш карда, зоҳиран вазъияти ҷисмонии вай вахим аст.

Нирӯҳои амниятӣ ва вазорати омӯзиши миллии Туркия таҳқиқот дар бораи иллати ин ҳодисаро оғоз кардаанд ва токунун ҷузъиёти бештаре дар ин робита гузориш нашудааст.