Феврал 18, 2020 13:53 Asia/Dushanbe
  • Гузаштани шумори қурбониёни коронавирус аз 1800 нафар

Шумори қурбониёни коронавирус аз 1800 нафар гузашт.

Ба нақл аз Форс, давлати Чин бомдоди рӯзи сешанбе эълом кард, ки рӯзи душанбе 93 нафари дигар дар вилояти Ҳубей ба далели ибтило ба коронавирус ҷони худро аз даст доданд, то бадин тартиб шумори қурбониёни коронавирус аз 1800 нафар фаротар равад.

Мақомоти Чин ҳамчунин эълом карданд, ки рӯзи душанбе ибтилои 1807 нафари дигар ба ин вирус дар вилояти Ҳубей сабт шудааст ва дар ҳамин рӯз низ 1223 нафар саломатии худро бадаст оварданд.

Кин Гонг муовини вазири умури хориҷаи Чин рӯзи шанбе таъкид карда буд, ки Пекин мутмаин аст, ки шуюи коронавирус ба зудӣ ба поён хоҳад расид.

 

Барчасп