Феврал 19, 2020 19:43 Asia/Dushanbe
  • Поёни рақобатҳои интихоботи Афғонистон ва пирӯзии Ашраф Ғанӣ

Камисиюни мустақили интихоботи Афғонистон, Муҳаммад Ашраф Ғанӣ ро барандаи интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон эълом кард.

Ҳаво Алам Нуристонӣ, раиси Камисиюни мустақили интихоботи Афғонистон дар нишасти хабарӣ гуфт, Муҳаммад Ашраф Ғанӣ бо касби 50 / 64 дар сад аз орои барандаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ аст.

 Рақобати аслӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон байни Муҳаммад Ашраф Ғанӣ раиси ҷумҳури кунунӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ , раиси иҷроии давлати ваҳдати миллии ин кишвар будааст.

Дар вокуниш ба эъломи натиҷаҳои ниҳоии интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон ,ки дар 28 сентиябри 2019 баргузор шуд., тими субот ва ҳамгароӣ ба раҳбарии Абдуллоҳ Абдуллоҳ эълом кард, натиҷаи ниҳоии чорумин давраи интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистонро ,ки Ашраф Ғанӣ барандаи он шуд намепазирад ва дар муқобили он меистад.

Натиҷаи ниҳоии интихоботи раёсати ҷумҳурии Афғонистон пас аз гузашти шаш моҳ аз замони баргузории он дар ҳоле эълом шуд ,ки эъломи натиҷаҳои аввалияи он муҷиби бурузи танишҳои бисёре дар ин кишвар шуд ва рақибони интихоботии Ашраф Ғанӣ ба хусус Абдуллоҳ аз Камисиюни расидагӣ ба шикоятҳои интихоботӣ хоста буданд орои пок ва нопокро ҷудо кунанд ва танҳо орои гирифташуда аз тариқи сомонаи биометриро меъёри шумориш ва муҳосибаи ниҳоии ро қарор диҳанд.

Бо вуҷуди он ,ки Камисиюни расидагӣ ба шикоятҳои интихоботи Афғонистон эълом карда ба 300 ҳазор орои маврид ишораи  номзадҳои муътариз расидагӣ кардааст аммо тими интихоботии Абдуллоҳ гуфтааст ,ки ба шикоятҳо расидагӣ нашуда ва орои ғайри биометрӣ дар натиҷаи ниҳоӣ эълом шуда муасир будааст.

Аз назари тими субот ва ҳамгароӣ ба раҳбарии Абдуллоҳ, натиҷаҳои ниҳоии интихоботи оғушта ба орои тақалубӣ аст ва ин тим давлати баромада аз тақалубро нахоҳад пазируфт.

Аз суханони афроди шохис дар тими субот ва ҳамгароӣ ва наздикон ба Абдуллоҳ ингуна бармеояд,ки ин тим ҳозир ба пазириши эъломи пирӯзии Ашраф Ғанӣ дар интихобот нест ва дар чунин шароите ,даргирӣ байни ҳаводорони Абдуллоҳ ва Ашраф Ғанӣ, баргузории тазоҳурот дар бархе шаҳрҳои Афғонистон аз суи муътаризон ба натиҷаи ниҳоии интихобот ва ташдиди шикофи сиёсӣ дар ин кишвар аз ҷумла мушахасаҳои эҳтимолии фазои ояндаи сиёсии Афғонистон хоҳад буд.