Талоши Покистон барои ҷилавгирӣ аз ҳамлаи малахҳо
Феврал 19, 2020 21:53 Asia/Dushanbe
Покистон барои мубориза бо ҳамлаи малахҳо ба мазореи ин кишвар, аз Чин дархости кумак кардааст.
Ба гузориши «Форс», малахҳо пас аз Эрон вориди ин кишвар шуда ва сипас вориди иёлати Панҷоби Покистон мешаванд.
Чин қарор аст тиме аз мутахассисонро барои мубориза бо ҳамлаи малахҳо ба Покистон эъзом кунад.
Соли гузашта низ ҳамлаи малахҳо ба Покистон миллионҳо доллар хисорат ба ин кишвар ворид кард.
Чин яке аз муштариёни маҳсулоти кишоварзии Покистон аст ва дар ин замина ҳамкории наздик бо ин кишвар дорад.