Феврал 20, 2020 11:02 Asia/Dushanbe
  • Дастгирии 21 фарди мутаҳам ба ҳамкорӣ бо терорристҳо дар Узбакистон

Пулиси Узбакистон 21 фарди гумонбар ба иртибот бо як гурӯҳи низомӣ дар ҳоли ҷанг дар Сурияро дастгир кард.

Ба нақл аз Икно , пулиси Узбакистон эълом кард чанд нафарро ,ки узви гурӯҳи мавсум ба Алтавҳид ва Алҷиҳод буданд, дастгир шуданд.

Ин гурӯҳ ҳамакнун дар ҳоли ҷанг дар Сурия аст ва аъзои он бештар  аҳли Осиёи марказӣ ҳастанд. Пулиси ин кишвар дар баёнияе эълом кард ин афрод қасди кумаки молӣ ба ин гурӯҳ ва пайвастан ба онро доштанд.

Дар замони тассалути ДИИШ бар бахшҳое аз Сурия ва Ироқ, ҳазорон нафар аз шаҳрвандони ҷумҳуриҳои Шуравии собиқ ба гурӯҳҳои ифротии дар ҳоли ҷанг дар ин кишварҳо пайвастанд.