Феврал 20, 2020 12:57 Asia/Dushanbe
  • Интисоби Ричорд Гернел ба сарпарастии иттилооти миллии Амрико

Раиси ҷумҳури Амрико бо интишори ТВИТТЕРЕ хабар дод,ки Ричорд Гернел сафири Амрико дар Олмон ба унвони сарпарасти иттилооти миллии Амрико мансуб хоҳад шуд.

Раиси ҷумҳурии Амрико дар ТВИТТЕР навишт ; хушҳолам,ки эълом кунам сафири бисёр муҳтарами мо дар Олмон, Ричорд Гернел, сарпарасти иттилооти миллӣ хоҳад шуд. Ӯ сафирии хуби кишвари моро намояндагӣ карда ва ман чашм ба ҳамкорӣ бо Ӯ дорам.

Ба нақл аз Форс, Ӯ ҳамчунин дар ин ТВИТТЕР аз Мегурӣ , мудири феълии иттилооти миллии Амрико ташакур кардааст.

Соате пеш , рӯзномаи амрикоии НЮ -ЙОРК Таймз аз эҳтимоли интисоби Гернел ба ин симат хабар дода буд.

Гернел аз нерӯҳои вафодор ба Трамп маҳсуб мешавад ва дар сурати ин интисоб мудирияти ниҳодҳои ҷомиъаи иттилоотии Амрикоро ,ки умуман аз суи Кохи Сафед ба дидаи тардид ба онҳо нигариста мешавадро уҳдадор хоҳад шуд.

Гернел дорои мавозеи шадиди зидди эронӣ аст ва дар даврони сафораташ дар Олмон ҳамаи талоши худро барои фирор додани Ширкатҳои олмонӣ аз Эрон ба кор гирифт.