Эътирофи Толибон ба талошҳо барои шикасти тавофуқи коҳиши хушунат
Феврал 23, 2020 15:04 Asia/Dushanbe
Сухангӯи Дафтари сиёсии Толибон бархе тарафҳоро ба талош барои ноком гузоштани тавофуқи сулҳ бо Амрико муттаҳам кард.
Ба нақл аз ИСНО, Суҳайл Шоҳин гуфт, тарафҳое ба дунболи шикасти тавофуқи коҳиши хушунати Толибон бо Амрико ҳастанд, аммо ин тарафҳо наметавонанд дар ин тавофуқ халале эҷод кунанд, зеро Толибон бар ҳудуди 70 дарсад аз Афғонистон контрол дорад.
Сухангӯи Дафтари сиёсии Толибон бо ишора ба инки гурӯҳи Толибон як раҳбаре воҳид дорад афзуд, дар ин гурӯҳ ҳама ба тавофуқ бо Амрико пойбанд хоҳанд буд.
Тавофуқи коҳиши ҳамлаҳо дар Афғонистон байни низмомиёни хориҷӣ, нерӯҳои давлатии Афғонистон ва гурӯҳи Толибон аз ҷумъашаб ба муддати 7 рӯз иҷроӣ шудааст.