Амволи раҳбари собиқи "Толибон" ба музояда гузошта мешавад
https://parstoday.ir/tg/news/world-i51147-Амволи_раҳбари_собиқи_Толибон_ба_музояда_гузошта_мешавад
Покистон амволи Мулло Мансур, раҳбари собиқи "Толибон"-ро ба музояда мегузорад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 23, 2020 14:35 Asia/Dushanbe
  • Амволи раҳбари собиқи

Покистон амволи Мулло Мансур, раҳбари собиқи "Толибон"-ро ба музояда мегузорад.

Ба нақл аз хабаргузории Форс, додгоҳи мубориза бо терроризми Покистон эълом кард, амвол ва сарвати Мулло Ахтар Муҳаммад Мансур, раҳбари собиқи "Толибон"-ро, ки арзиши он ба беш аз 9 миллиард рупия мерасад, ба музояда мегузорад.

Қабл аз ин додгоҳи мубориза бо терроризм эълом карда буд, агар фарде дар бораи сарвати Мулло Мансур иддаое дорад, бояд то 13 феврал ба додгоҳ муроҷиа кунад.

Ин муддат ба поён расидааст. Амвол ва сарвати Мулло Мансур, ки бештари он дар Карочӣ, маркази иёлати Синд аст, ба музояда гузошта шуда ва рақами ҳосил аз он, ба хазинаи миллии Поокистон вориз мешавад.

Мулло Мансур дар соли 2016 дар Покистон ҳадафи ҳамлаи паҳпод қарор гирифт ва кушта шуд.