Нукоте сода барои пешгирӣ аз коронавирус
Ашхос метавонанд бо риояти чанд нуктаи сода ва тарки бархе аз одатҳои рӯзонаи худ аз ибтило ба коронавирус пишгирӣ кунанд.
Ба нақл аз ҳавзаи беҳдошт ва дармони гурӯҳи илмӣ пизишкии Бошгоҳи хабарнигорони ҷавон, барои пешгирӣ аз олуда шудан ба коронавирус ва ҳамчунин барои пешгирӣ аз бемориҳои танафусӣ бояд ба чанд нуктаи сода таваҷҷуҳ кард.
Масрафи рӯзонаи сабзӣ ё салад ҳамроҳ бо оби лимуи турш ё оби норанҷи тозаро дар барномаи ғизоии худ қарор диҳед.
Ҳамчунин истифода аз сабзӣ ва кадуҳалвоӣ ва манобеи протеин дар ғизои рӯзона монанди ҳубубот ё тухми мурғ дар пешгирӣ аз вуруди вирус ба бадан кумаки басазое мекунад.
Масрафи пиёзи хом ҳам ба далели доро будани витамин С ҳамроҳи ғизо тавсия мешавад.
Беҳтар аст дар рӯзҳои шуюуи коронавирус аз масрафи ғизо ва моеъҳо дар маконҳои номутмаин парҳез кунед.
Ҳамчунин тавсия мешавад аз масрафи ҳасиб, дигар фастфудҳо ва ғизоҳои чарб ва сангин ва низ ғизоҳое, ки комил пухта нашудаанд монанди тухми мурғи ним обпазшуда бипарҳезед.
Камбуди дарёфти маводи ғизоӣ ва витаминҳое монанди С,D, Е эҳтимоли ибтило ба бемориҳои мухталиф аз ҷумла бемориҳои танафусӣ ва коронавирусро афзоиш медиҳад.