Феврал 24, 2020 20:26 Asia/Dushanbe
  • Болотарин сатҳи ҳушдор барои корона дар Кореяи Ҷанубӣ

Мақомҳои Кореяи Ҷанубӣ бо афзоиши теъдоди қурбониёни вируси корона сатҳи ҳушдори вируси коронаро ба болотарин ҳадд афзоиш доданд.

Ба гузориши Форс, панҷумин қурбонии ибтило ба вируси ношинохтаи коронаро эълом кард ва гуфт, ки маҷмӯъ мубталоён ба ин вирус дар ин кишвар шарқи Осиё ба 602 нафар афзоиш ёфтааст.

Бо вуҷуди талошҳои густурдаи мақомҳои Кореяи Ҷанубӣ барои карантин кардани мубталоён ба вируси корона, ду нафари дигар аз рӯзи гузашта ба теъдоди қурбониёни корона изофа шуданд ва 169 мавриди ҷадид ба мубталоён ба ин вируси ношинохта изофа шудааст.

Панҷумин қурбони вируси корона дар Кореяи Ҷанубӣ аз шаҳри «Daegu» будааст, ки маркази густариши ин вируси кушанда дар ин кишвари шарқи Осиё аст.

Авоили рӯзи гузашта, вазорати беҳдошти режими саҳюнистиӣ таъйид кард, ки озмоиши ибтило ба вируси корона барои 9 тан аз гардишгарони кореёӣ, ки дар бозаи замонии 8 то 15 феврал ба Фаластини ишғолӣ сафар карда буданд, баъд аз бозгашт ба кишварашон мусбат будааст.

Ба думболи афзоиши қурбониён ва мубталоён ба вируси корона дар Кореяи Ҷанубӣ, мақомҳои ин кишвар барои аввалин бор дар беш аз як даҳа, сатҳи ҳушдори вируси коронаро ба «қирмиз», болотарин сатҳи ҳушдор афзоиш доданд. Рӯзи ҷумъаи ҳафта гузашта, Кореяи Ҷанубӣ, «Daegu» ва минтақаи муҷовири он, яъне «Cheongdo»-ро ба унвони «манотиқи муроқибати вижа» эълом карданд.