Мас: Якҷонибагароии Амрико, амнияти Аврупоро тазъиф кард
https://parstoday.ir/tg/news/world-i51245-Мас_Якҷонибагароии_Амрико_амнияти_Аврупоро_тазъиф_кард
Вазири умури хориҷаи Олмон якҷонибагароии Амрикоро дар хурӯҷ аз тавофуқи ҳастаии БарҶом ва паймонҳои назорати силоҳӣ бо Русия, мӯҷиби тазъифи амнияти Аврупо донист.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 26, 2020 12:26 Asia/Dushanbe
  • Мас: Якҷонибагароии Амрико, амнияти Аврупоро тазъиф кард

Вазири умури хориҷаи Олмон якҷонибагароии Амрикоро дар хурӯҷ аз тавофуқи ҳастаии БарҶом ва паймонҳои назорати силоҳӣ бо Русия, мӯҷиби тазъифи амнияти Аврупо донист.

Ба гузориши Рейтерз, Ҳайко Мас, вазири умури хориҷаи Олмон рӯзи сешанбе дар Берлин, дар нишасти муштарак бо ҳамтоёни шведӣ, кореӣ, финлдандӣ ба унвони аъзои ибтикори амали мавсум ба "Стокголм" дар бораи халъи силоҳи ҳастаӣ гуфт:

Бо ин иқдомоти Амрико, ҷаҳон бар сари дуроҳӣ қарор гирифтааст ва агар ин вазъ давом ёбад, низоми ҳастаӣ ва амнияти ҷаҳонӣ ба хатар меафтад.